1.Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем,
В-ин якдама умрро ғанимат шумарем.
Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем,
Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.
2.Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»,
Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!»
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш...