МАҲФИЛИ КӮДАКОНИ ТОҶИКИ “ҚУРЪОН”-ХОН ДАР ОЛМОН

Имрӯз дар маркази Ҷамъияти Тоҷикон "НУР" дар Олмон бо ташаббуси масъулон ва раиси он Абдулқодир Шехов маҷлисе ба унвони "Маҳфили Нур" баргузор гардид. Дар кори он меҳмонон ва волидайн аз дуру наздик ширкат намуданд. Махсусан ҳузури тифлакон ва дӯстрӯякон, ки ин маҳфил маҳз ба хотири онҳо тадорук дида шуда буд ҳусну шукуҳу сафой дигаре мебахшид. Ин тифлакону дӯстрӯякон, ки ба омӯзиши алифбо машғул буданд муваффақ гаштанд, ки омӯзиш ва рӯхонии Қуръони Каримро шуруъ намоянд. Дар ин маҳфил 35 нафар аз ин булбулакони боғи дониш ва Каломуллоҳ бо ҳадоё ва ҷоизаҳо қадрдони шуданд, ки хеле хотири онҳоро шод ва онҳоро ташвиқ менамуд. Қобили зикр аст, ки гурӯҳи нав ва ҷадиди омӯзиши алифбо иборат аз 15 нафари дигар аз тифлакон ва дӯстрӯякон таъсис дода шуд, ки дар оянда дар назар аст онҳо ҳам мисли бародарон ва хоҳаракони худ муваффақ хоҳанд шуд, иншоаллоҳ. Лозим ба ёдоварист, ки дар канори ин, омӯзиши таҷвиди Қуръони Карим барой хоҳарон низ ба роҳ монда шудааст. Ҷамъияти Тоҷикон "НУР" барой ин тифлакон ва дӯстрӯякон орзуй муваффақият ва пешрафту шукуфоиро дар роҳи илму фарҳанг таманно дорад.
Ҷамъияти Тоҷикон "НУР" дар Олмон.
23.10.2021
248025459_1249810012158096_7590364259427489282_n.jpg

241561125_1249810042158093_762197441991783311_n.jpg

248211065_1249810075491423_6770362651160425357_n.jpg

247404083_1249810108824753_2334394195066325431_n.jpg
 
Последнее редактирование:

Создайте учетную запись или войдите, чтобы комментировать

Вы должны быть участником, чтобы оставить комментарий

Зарегистрироваться

Создайте учетную запись в нашем сообществе. Это просто!

Авторизоваться

У вас уже есть аккаунт? Войдите здесь.

Назад
Верх Низ