JavaScript отключён. Для полноценно использования нашего сайта, пожалуйста, включите JavaScript в своём браузере.
Вы используете устаревший браузер. Этот и другие сайты могут отображаться в нем неправильно.
Необходимо обновить браузер или попробовать использовать
другой .
МУХАББАТ ДАР ТАРОЗУ НАГУНЧАД...
Администратор Основатель проект
Мухаббат дар тарозу нагунчад… Мухаббат, ки гох аз он ба вилояту дустй ва гох ба шароби ишку мастй таъбир мекунад,назди орифон тарозу ва меъёри хамаи аъмол аст ва худ ба хеч тарозу санчида нашавад, аз он, ки ишкро хадду нихоят нест: Дар наояд ишк дар гуфту шунид, Ишк дарёе, карона нопадид…. МАСНАВЙ. Ва хар амал, ки нишони мухаббат дар вай нест, онро дар тарозуи Хак вазне набошад, ки асли дин мухаббати Худост, чунон, ки фармуд: «Ахли имонро тамоми дил дар ишки Худост» ( Бакара 165) Ва боризтарин нишони мухаббат талаб аст, ки толибро ба хавои махбуб овораи куху биёбон мекунад: Сабо ба лутф бигу он гизоли раъноро, Ки сар ба куху биёбон ту додай маро ХОФИЗ. Ба ривояти Аттор, талаб водии аввал аз хафт ШАХРИ ИШК аст ва дар ин водй аст,ки чони соликро мегудозанду калби андудаи уро иксири мурод мезананд: Чун фуруд ойи ба водии талаб, Хар замоне пешат ояд сад талаб. Чидду чахд ин чо-т бояд солхо, З-он ки ин чо калб гардад холхо. Мантик –ут- тайр. Таъбири хукамо аз талаб хамон харакат аст, ки онро «камоли аввал барои вусули хамаи кобилиятхо ба феълиятхо» таъриф кардаанд, яъне пеш аз вусул ба хар камол бояд аввал ба камоли харакат ороста шуд ва хар камоле нисбат ба харакат камоли дуввум аст. Хар чи ту дори зи молу пешае, Не талаб буд аввалу андешае. Ту ба хар холе, ки бошй металаб, Об мечу доиман, эй хушклаб! К-он лаби хушкат гувохй медихад, Ки он дар охир бар сари манбаъ равад. Хушкии лаб хаст пайгоме зи об, Ку ба мот орад якин, дар изтироб. Чахд кун то ин талаб афзун шавад, То дилат з-ин чохи тан берун равад. Ин талаб дар ту гаравгони Худост, З-он, ки хар толиб ба матлубе сазост. Гуфт Пайгамбар, ки чун кубй даре, Окибат з-он дар бурун ояд саре. Чун зи чохе меканй хар руз хок, Окибат андар расй дар оби пок. МАСНАВЙ. Тавсияи Мавлоно ин аст, ки харчанд толиб бар талаби худ ба зохир асаре набинад, бояд хамчунон ба чидду чахд идома дихад, зеро авлои нафс ин кушиши матлуб аст: Дуст дорад ёр ин ошуфтагй, Кушиши бехуда бех аз хуфтагй. Гарчи рахна нест дар олам падид, Хира Юсуфвор мебояд давид… То кушояд куфлу рах пайдо шавад, Суи бечои шуморо чо шавад... МАСНАВЙ Ба рохи бодия рафтан бех аз нишастани ботил, Ки гар мурод наёбам, ба кадри вусъ бикушам.. САЪДИ Гарчи висолаш на ба кушиш диханд, Он кадар эй дил, ки тавонй бикуш… ХОФИЗ Сониян, дар тахлили нихои, талаб тачаллии матлуб аст ва ошик зухури мъшук ва лизо: Харки ошик дидияш, маъшук дон, К-у ба нисбат хаст хам ину хам он. Дилбарон бар бедилон фитна ба чон, Чумла маъшукон шикори ошикон. МАСНАВЙ. Мавлоно зарбулмасали маъруфи «Чуянда ёбанда аст»-ро низ бад-ин маъно тафсир мекунад, ки чуянда дар хакикат хамон ёбанда ва талаб айни вусул ба матлуб аст. Хама бо мост, чи бо мо, ки худ моем сар то по, Масал гаштаст дар олам, ки чуянда аст ёбанда.. Девони Шамс Хар ки ба чидди тамом дар хавоси мост, мост, Хар ки чу сели равон дар талаби чуст, чуст. Девони Шамс Хамчунон дар хадис омадааст, ки «чун дар гавхари убудият нек бингарй,онро рабубийят бинй», зеро то аз маъбуд чизе дар обид наояд , уро обид нахонанад ва то азм дар дил тачаллй накунад, уро таъзим натавон кард. Бинобар ин, талаб фарз аст ва чахд мачрои машияти илохй аст ва мункирони чахд худ ба хазор хилат мекушанд, то инкори худро бар курсии исбот нишонанд. Ва хар ки гуяд: рузй мукаддар асту ниёз ба талаб нест, даъвои истигно ва бениёзй кардааст, ки муносибати шаъни инсони ниёзманд нест ва хикояти вай киссаи он марди хомтамаъ аст, ки чун дид рубохе бе дасту пой аз мондаи сайди шер рузй хурд, ба хона нишаст, то уро низ бе талаб рузй даррасад, аммо хеч рузй фуруд наёмад ва: Чун сабраш намонд аз заифию хуш, Зи девори мехробаш омад ба гуш: Бирав, шерри дарранда бош, эй дагал, Маяндоз худро чун рубахи шал! БУСТОН Даро чун панча дар чахон зан, Чи чунбонй ба дастон дум чу рубох! Девони Шамс. БАРТАРИИ МУХАББАТ БАР ХАМАИ ИБОДОТ Дар киёмат чун намозхоро биёранд, дар тарозу ниханд ва рузахорову садакахоро хамчунин. Аммо чун мухаббатро биёранд, мухаббат дар тарозу нагунчад. Пас асл МУХАББАТ аст. Акнун чун дар худ мухаббат мебинй, онро бияфзой, то афзун шавад, чун сармоя дар худ дидй ва он талаб аст, онро ба талаб биафзой, ки филхаракоти баракотун ва агар наяфзой, сармоя аз ту биравад. Кам аз замин нести, заминро ба харакат ва гардонидан ба бел дигаргун мегардонанд ва набот медиханд ва чун тарк кунанд, сахт мешавад. Пас чун дар худ талаб дидй, меою мераву мегу, ки дар ин рафтан чи фоида. Ту мерав, фоида худ зохир гардад. Рафтани марде суи дукон фоидааш чуз арзи хочат нест. Хак таоло рузй медихад, ки агар ба хона биншинад, он даъво истигност, рузй фуру наояд. Эй дил зи чон гузар кун, то чони чон бубинй, Бигзор ин чахонро, то он чахон бубинй. То нагзарй зи дунё, харгиз расй ба укбо, Озод шав аз ин чо, то бегумон бубинй. Аз хеш бенишон шав, то ту нишон бубинй, Аз чору панч бигзар, дар шашу хафт мангар Чун аз замин барои хафт осмон бубинй. Хафт осмон чу дидй, дар хаштумин малак шав, По бар сари макон нех, то ломакон бубинй. Дар ломакон чу дидй, чонхои нозанинон, Бе тан нихода сархо дар остон бубинй. Барбанд чашми даъвй, бикшой чашми маънй, Як дам зи худ нихон шав, Уро аён бубинй. Эй нонихода гоме дар рохи номуродй, Бе ранч ганчу вахдат кай ройгон бубинй. МАВЛОНО Зебуннисо Мухаммадрашрод. 1.Маснавии Маънави Мавлоно Чалолуддин Мухаммад Балхй Бар асоси матни Р. Николсон ва мукобила бо нусхахои дигар Нашри Замон Техрон 2001 2.Чалолиддин Румй Фихи мо фихи Тахия ва тавзехоти Абдуллох Муллобокизодаи Шаваткй 3.Мавлоно Чалолуддини Румй Девони кабир Душанбе Дониш 2007