Номи тоҷик як ҷаҳони дигар аст,
Тоҷиконро илмӣ маънӣ зевар аст.
Ҳикмат ар хоҳӣ, биё бингар,ки чун,
Ин заминро осмони дигар аст.
Мавлавӣ андар ҷаҳони форсӣ,
Шоиронро чун амири лашкар аст.
Байти ӯро дар забон орӣ чӣ хуш
Шаҳди ӯ дар комҳо чун шаккар аст.
Шеъри оламгири Ҷомиро бихон,
Ҷоми ҷам ифшои рози дигар аст.
Рӯдакӣ дар шеъри хуби тоҷикӣ,
Бенасибу бемисол,Ӯ сарвар аст.
Ҳазрати Иқбол он донои роз ,
Бе муҳобо вориси пайғамбар аст.
Бӯалӣ Сино табиби нуктадон,
Чун табиби миллали баҳру бар аст.
Ман намозамро ба номат мегузорам, тоҷикӣ
Ифтихорам тоҷики дору надорам, тоҷикӣ.
Атромезу фараҳафзо ҳавои кишварам,
Лафзи ширину забони ширадорам, тоҷикӣ.
Дар саховат офтобам дар тараҳҳум мисли абр,
З-оташи суғдӣ ба ҷонам қӯра дорам, тоҷикӣ.
Дӯст ояд хоки пояш тӯтиё созам ба чашм,
Нури дида тоҷи сар бошад шиорам, тоҷикӣ.
Рӯзӣ шодӣ ман намедонам кӣ омад бо кӣ рафт,
Дар азоям дӯстонро мешуморам, тоҷикӣ.
Худ намехӯрам, вале ояд ба дидорам ҳабиб,
Ҳар чӣ дорам рӯи хонам мегузорам, тоҷикӣ.
Аҳли сомонам, мусулмонам имонам комил аст,
Аз худои хештан уммедворам, тоҷикӣ.
Ваҳдати миллат таманнои дили Меҳринисо,
Ин башорат шӯълаи санги мазорам, тоҷикӣ!!!!
Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме
Шӯрише андар ҷаҳон ояд ҳаме.
Аз нажоди поки Ҳушанги бузург
Ҳушмандони ҷавон ояд ҳаме.
Пури Сосон бори дигар зинда гашт
Ҷунбиши Сомониён ояд ҳаме.
Аз Хуросони бузурги мардхез
Родмардони замон ояд ҳаме.
Аз дари Юмгон то Кобулистон
Сад дуруд аз осмон ояд ҳаме.
Ҳей бузи Юмгон шодон гузин
Пури покат меҳмон ояд ҳаме.
Балх боме сар бикаш бар осмон
Шоҳи Исфанди ҷавон ояд ҳаме.
То бикӯбад бар даҳони мор дӯш
Кова бо кеши Каён ояд ҳаме.
То бимояд пӯзиши душман ба хок
Рустам аз Зобулистон ояд ҳаме.
Яъқуби лайсӣ мо аз Сиистон
Бо дирафши Ковиён ояд ҳаме.
Гирди мо он некноми каҷкулоҳ
Дар бари мо ҷовидон ояд ҳаме.
Устоди Тӯс он фарзона мард
Назди мо Шоҳномахон ояд ҳаме.
Борбад бигрифта тору барбадаш
Назди шоҳ шефтагон ояд ҳаме.
Ҳофизу Хайём масту мулкашон
Сӯйи Суғди бостон ояд ҳаме.
Рӯдакӣ устод дар форсӣ
Чанг дар даст чангзанон ояд ҳаме.
Шоҳ Исмоил гирди рӯзгор
З-он замон бо ин замон ояд ҳаме.
Пидром шод бошу дер зӣ
Аз ту фари эзадон ояд ҳаме.
Шоираи ҷавони Хуросон (Афғонистон) Ҳена Осмонӣ