Ало, то нагиряд, ки арши азим,
Биларзад ҳаме, гар бигиряд ятим.
Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок.
Агар сояи худ бирафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.
Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам.
Агар бар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.
Кунун душманон гар барандам асир,
Набошад кас аз дӯстонам насир*,
Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.
Яке хори пои ятиме биканд,
Ба хоб-андараш дид Садри Хуҷанд.
Ҳаме гуфту дар равзаҳо мечамид,
К-аз он хор бар ман чӣ гулҳо дамид.
Саъдии Шерозӣ