Шаби қадрат муборак бошад, эй дӯст,
Рухат бадри таборак бошад, эй дӯст!
Дуоят мустаҷобу файзи раҳмат,
Равон бар ҷисму ҷонат бошад, эй дӯст!
* * *
Файзи қадами баҳор дорад шаби қадр,
Бас муждаи хушгувор дорад шаби қадр!
Якро бадал оварад ҳазорон подош,
Шаҳҷоиза сад ҳазор дорад шаби қадр!
* * *
Он кас ба Худо умед дорад шаби қадр,
Ойинаи дил сафед дорад шаби қадр!
Дар тоати Ҳақ ба ҷон бикӯшад, зеро,
Иззу шарафу навид дорад, шаби қадр!
* * *
Шаби қадру бароотат муборак,
Намозу зикру тоотат муборак!!!
Умеди раҳмату афви гуноҳон,
Қабули ҷумла ҳоҷотат муборак!!!
Иброҳими НАҚҚОШ