Эй Тоҷикистон! Шеър дар васфи Точикистон

Admin

Администратор
Основатель проект
Мо, тоҷикон, як оламем,

Ҷамъу парешон бо ҳамем.

Дар ин замини файзбор

Аз файзи меҳраш хуррамем.
 
Эй Тоҷикистон, ҷони мо,

Эй марзи пурэҳсони мо,

Ту хонаи уммеди дил
Ҳам қиблаи имони мо.

Мо бо рафоқат зиндаем,

Мо бо садоқат зиндаем.

Ишқи Ватан – дар синаҳо,

Мо бо муҳаббат зиндаем.

Эй Тоҷикистон, ҷони мо,

Эй марзи пурэҳсони мо,

Ту – хонаи уммеди дил

Ҳам қиблаи имони мо.

Сайидалӣ Маъмур

 
Назад
Верх Низ