Шеърхои табрикоти барои туй

Admin

Администратор
Основатель проект
Туй дори бахту бароре хоҳамат,
Осмони беғуборе хоҳамат.

Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ,
Тоқату сабру қароре хоҳамат.

Умри одам гаҳ баҳору гаҳ хазон,
Умри сабзи арчаворе хоҳамат.

Чаллаат бошад нишони ишқу бахт,
Обрую эътиборе хоҳамат.


Баҳори зиндагият доимо гулафшон бод,
Чу атрии боғи Ирам накҳатат парафшон бод.
Саодати абадат ёр боду чашмаи ишқ,
Дуои лутфи Худо бар сари ту борон бод.


Нигоҳи чашми ту андар амон бод,
Ниҳоли қоматат дурр аз хазон бод.
Зи даргоҳи Илоҳӣ ҳар чи хоҳӣ,
Насиби ту ҳамон боду ҳамон бод.


Қади сарват илоҳӣ кам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу руз.
Ки як му аз сари ту кам нагардад.


Аз хандаи бахт ҳамеша хуррам бошед,
Хушнуд зи мову ҳама олам бошед.
Мо дасти дуо баҳри шумо бардорем,
Эй дидаву дил, дурр зи ҳама ғам бошед.


Монанди малика эй арус зебоӣ,
Пеши ту шоҳи шаҳон муборак бошад.
Эй шаҳ ба ту дар тахти равони қисмат,
Ин дилбари меҳрубон муборак бошад!


Муборак, шодии ёрон муборак!
Муборак, хонаободон муборак!
Ду авлодро ба ҳам пайванд кардед,
Шаби пайвастани авлод муборак!


Шаби васлу шарафмандӣ муборак,
Чунин шодию хурсандӣ муборак.
Дилогоҳию дилбандӣ муборак,
Чу нахле гашта пайвандӣ муборак!
 
Сарвати дилнавози ман ба шуноси табрикоти Туй мерасад,

Изтироб ва луфти дардмандияномро аз дил медодад.

Ҳар чандин ба вақти Туй, гулҳои раносарро фаро мерасад,

Ҳар сӯи ман барои Туй ба ҳама барномаи худ табрик мерасад.

Туй муборак бошад, ки ҳар соли ба дилам мерасад,

Туй муборак бошад, ки шوҳрат ҳар орзуи манро то ки фасад.

Ба хурсандӣ ва ранозӣ гузаштим ва ба ҳама шумори мерасад,

Дилҳои Ту дида ба дида манро дошвар карданд, хурсанд мерасад!
 
Назад
Верх Низ